ғилофӣ — [غلافي] :ғилофӣ кардан дӯхтани мағзӣ (лаблӯла) ба канори абраву астари кӯрпаву кӯрпача … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бараҳна — [برهنه] урён, лухт, луч; шамшери бараҳна шамшери аз ғилоф кашидашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баркашида — [برکشيده] 1. сифати феълии замони гузашта аз баркашидан; баркашида шудан 2. болорафта, қадкашида, баланд 3. аз ғилоф беруноварда, аз наём кашида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бароҳехтан — [براهيختن] кит. аз ғилоф берун кашидан, баровардан (шамшерро) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бениём — [بي نيام] беғилоф, луч: шамшери бениём … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғилофак — [غلافک] 1. шакли тасғири ғилоф 2. ғӯзаи лӯбиёву нахӯд, ки ҳосил дар дохили онҳо ҷо гирифтааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғилофдор — [غلافدار] чизи дамтез ё чизҳои дигар, ки ғилоф доранд: корди ғилофдор, ханҷари ғилофдор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ёхтан — [ياختن] кит 1. берун кашидан, теғро аз ғилоф баровардан 2. андохтан, задан; даст ёхтан даст дароз кардан ба сӯи касе, чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кассета — [کسيته] ит. ғилоф барои навори мусиқӣ, филм ё дастгоҳи суратгирӣ ва ғ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кашидан — [کشيدن] 1. ба тарафи худ овардан, ба худ наздик кардан; кашондан 2. ҷалб (ҷазб) кардан, моил сохтан; тарафдори худ кардан 3. аз ҷое ба ҷое овардан ё бурдан, гузарондан, интиқол додан: хати телеграф кашидан, роҳи оҳан кашидан 4. аз поён ба боло… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ